Дар Тоҷикистон Фестивали фарҳангии Ҳиндустон барпо мешавад
Душанбе, 20.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвари мо Фестивали фарҳангии Ҳиндустон доир мегардад. Дар ин бора 19 августи соли 2016 дар мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош, ки дар Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи робитаҳои фарҳангии ду кишвар, тарғиби маданияту фарҳанги ба ҳам шабеҳи тоҷику ҳинд ва дар ин замина, боз таҳкими зиёдтар бахшидан ба ҳамкории дуҷониба ибрози андеша намуданд.
Сомнатх Гош иттилоъ дод, ки ҷониби Ҳиндустон тасмим гирифтааст ба муносибати 70-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон, 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 25-солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон Фестивали фарҳангии Ҳиндустонро дар Тоҷикистон баргузор созад. Ў аз вазири фарҳанги Тоҷикистон хоҳиш кард, ки дар ташкили фестивали мазкур мусоидат намояд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки фарҳанг ва маданияти Ҳинд байни мардуми тоҷик маҳбубияти беназир дорад. Ў гуфт, ки ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар шаҳру манотиқ низ боиси боз ҳам ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ хоҳад гашт. Инчунин ташкили барномаҳои консертии муштарак бо иштироки сарояндагони муосир, намоишҳои театрӣ аз ҷониби ҳаводорони санъат хуш пазируфта хоҳанд шуд.
Ҷонибҳо оид ба бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар курсҳои кӯтоҳмуддати барномаи ITEC ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Ҳиндустон низ гуфтушунид намуданд. Вазири фарҳанги Тоҷикистон таклиф кард, ки хуб мебуд, агар ҷониби Ҳиндустон таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар риштаҳои коргардонӣ ва актёрӣ бештар дастгирӣ мекард.
Таклифҳо бо камоли майл аз ҷониби тарафҳо пазируфта шуданд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки минбаъд муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустон боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






