Дар ҳудуди вилояти Суғд машқҳои муштараки амалиётӣ — тактикӣ баргузор гардиданд

Август 1, 2016 09:55

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 30 июли соли 2016 дар ҳудуди вилояти Суғд бо ҷалби кормандони сохтору мақомоти давлативу қудратӣ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо тирпаронии ҷангӣ баргузор гардиданд, ки ба он беш аз 30 ҳазор нафар ҷалб карда шуданд.
Чорабинӣ дар 4 марҳила дар ҳудуди вилояти Суғд ва дар машқгоҳҳои низомии Чоруқдарону Нурафшон ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, дар ҳар як ноҳия захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди Комиссариатҳои ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмўи машқҳои амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ заруранд, истифода гардиданд.
Афсари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Фарҳод Ибодуллоев изҳор дошт, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ «Оид ба тасдиқ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ, ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва масъулини тамоми сохторҳои қудратии ин минтақа ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпаронӣ аз техникаҳои вазнини зиреҳпўши ҷангӣ, силоҳу муҳимоти сабуки ҳарбӣ ҷалб шуданд. Дар машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Суғд, аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 100 адад техникаи зиреҳпўши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ  истифода гардиданд.
Ҳадафи баргузории ин машқҳо сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиётӣ- тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Август 1, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад