Дар ВМКБ соҳаи моҳипарварӣ ба тадриҷ рушд меёбад

Август 4, 2016 16:49

Хоруғ, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон наздики 10 кӯли калону хурд мавҷуд аст, ки ба парвариши моҳиҳои гуногуннавъ мутобиқ мебошанд.
Сармутахассиси раёсати кишоварзии вилоят Адолат Ҳайдарова ба АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Сарфи назар аз ин даҳсолаҳо пеш ба ин соҳаи сердаромад чандон аҳамият зоҳир намегардид ва дар бештари маврид гӯшти моҳиро аз кишварҳои   собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба вилоят интиқол медоданд. Танҳо дар замони Истиқлолият мутахассисони Вазорати кишоварзӣ ба омӯзиш ва парвариши моҳӣ дар кӯлу ҳавзҳои сунъӣ машғул шуданд ва  дар айни замон беш аз 10 хоҷагии моҳипарварӣ дар шаҳру навоҳии вилоят фаъолият доранд».
Ба иттилои А. Ҳайдарова, бо кумаки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар 15 соли охир беш аз  50 ҳазор анвои мухталифи моҳичаҳо ба шумули зағорамоҳӣ, сазан, амури сафед, османмоҳӣ ва гулмоҳӣ ба кӯлу ҳавзҳо сар дода шуданд. Ҳоло дар обанборҳои вилоят зиёда аз 100 тонна моҳӣ мавҷуд мебошад. Дар нимсолаи аввали соли равон ба бозору мағозаҳои шаҳру ноҳияҳо 10 тоннаву 100 кило моҳӣ ба фурӯш бароварда шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксарияти кӯлу ҳавзҳо дар масофаи садҳо километр дур аз маркази вилоят ҷойгиранд ва аз нисф бештари гӯшти моҳӣ дар масири роҳ нобуд мешаванд.
Адолат Ҳайдарова гуфт, ки дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ бо дастури Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ассотсиатсияи моҳипарварони вилоят мошини  махсуси моҳикашонӣ (рефрижератор) тақдим карда шуд ва ҳоло умедворем, ки мизони истеҳсоли гӯшти моҳӣ бамаротиб афзоиш ёфта, нархи он низ поин хоҳад рафт.

Август 4, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе