Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии рафиқона бо Фаластин омодагӣ мебинад
Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз нахустин марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба вохӯрии байналмилалии рафиқона бо тими мунтахаби Фаластин баргузор шуд. Баъд аз бозӣ бо тими мунтахаби Сурия, ки дар варзишгоҳи муҳташами «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бидуни гол, мусовӣ анҷом пазируфт, дастпарварони Ҳаким Фузайлов баъд аз як рӯзи истироҳат ба машғулияти таълимию тамринӣ оғоз намуданд. Бо назардошти он, ки бозӣ бо тими Фаластин дар майдони маснуъ дар Хервон сурат мегирад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон то рӯзи шанбе машғулияти хешро дар майдони эҳтиётии сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии байналмилалии рафиқона бо тими мунтахаби миллии Фаластин дар ҳайати 22 нафар омодагӣ мегирад. Нимҳимоятгари бошгоҳи «Дунав»-и Булғористон, футболбози мумтозу моҳири тоҷик Нуриддин Давронов дар ин бозӣ ширкат хоҳад кард. Фардо легионери дигари тоҷик, бозингари дастаи «Локомотив»-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев низ ба ҳайати дастаи мунтахаб мепайвандад. Бо иллати ҷароҳат бардоштани ҳимоятгари дастаи «Тараз»-и Қазоқистон Давронҷон Эргашев номи ӯ аз рӯйхати ҳайати асосӣ бардошта шудааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаби шанбе, сеюми сентябр озими Фаластин хоҳад шуд. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон тавассути хатсайри Душанбе Дубай-Уммон парвоз намуда, аз Уммон тариқи автобус ба Исроил меравад. Дидори рафиқонаи тимҳои Тоҷикистону Фаластин 6 сенябри соли равон дар варзишгоҳи Дураи шаҳри Хервон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин замини сабзпӯш моҳи феврали ҳамин сол вохӯрии марҳилаи плей-оффи Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё миёни тимҳои Аҳлӣ Ал Халилӣ ва барандаи нишони нуқраи Тоҷикистон- дасти Хуҷанд баргузор шуда буд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






