Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо Сурия омодагӣ мебинад
Душанбе, 24.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол омодагиро ҷиҳати анҷом додани бозии рафиқонаи байналмилалӣ бо тими мунтахаби Сурия дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз намуд. Ин дидор дар варзишгоҳи муҳташами «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Ҳоло 23 бозингари дастаи мунтахаби миллӣ, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дар Гулистон қарор доранд. Дар ҳайати асосӣ, ки дар оғози ҳафтаи қаблӣ эълон шуда буд, тағйирот ворид шудааст.
Ба ҷои дарвозабони Регар- ТадАз Алишер Додов, ҳамтои ӯ аз дастаи «Барқчӣ»-и Душанбе ва узви дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар Беҳрӯз Хайриев ба майдон мебарояд. Дар баробари Беҳрӯз ба дастаи мунтахаби миллии кишвар ҳимоятгари тими «Барқчӣ» Зоир Ҷурабоев ва Фирӯз Караев низ даъват шудаанд.
Мутобиқ ба маълумоти нашршуда дар сомонаи ФФТ тими мунтахаби миллии Сурия рӯзи 25-уми август ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Ёдрас мешавем, ки баргузории бозии дӯстонаи байналмилалӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия 27 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






