Дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Туркманистон дар Душанбе матраҳ шуданд
Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Тарҳҳои бузурги иқтисодие, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон дар ояндаи наздик амалӣ карда мешаванд, на танҳо барои рушди иқтисодиёти ду кишвар, балки пешрафти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муассир мегузоранд»,- гуфт Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории конфронси илмию амалӣ, ки таҳти унвони «Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Туркманистон: бетараф, таърих, дастовардҳо ва дурнамои рушд» имрӯз дар Душанбе доир гардид.
Конфронси мазкур бо ибтикори Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафаш баррасии паҳлуҳои гуногуни дастовардҳои иқтисодии дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бадастовардаи ин кишвар мебошад.
Дар конфронс ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Атаев доир ба Истиқлолияти Туркманистон, таърих ва дастовардҳои он маърӯза карда, зикр сохт, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ Туркманистон ҳамчун кишвари мустақил ба дастовардҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардида, ҳамкориашро бо кишварҳои гуногуни минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшид. Дипломати туркман зикр сохт, ки муносиботи Тоҷикистону Туркманистон бо саъю талоши сарони ҳар ду кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беш аз пеш дар соҳаҳои мухталиф таҳким меёбанд. Татбиқи як қатор тарҳҳои бузурги иқтисодии минтақавӣ, тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангӣ шаҳодати ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар мебошанд.
Ба андешаи Давлат Кулаков, раиси ҷамияти туркманҳои Тоҷикистон, алҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор туркманҳо зиндагӣ ва фаъолият намуда, дар пешрафту ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд. Мавсуф афзуд, ки туркманҳои Тоҷикистон, асосан дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ба мисли Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритӯс, Ҷалолидини Балхӣ, Рӯдакӣ ва шаҳри Хуҷанд сокин буда, бо тоҷикон, ки онҳоро аз қадимулайём решаҳои дӯстӣ ва фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд, дӯстона кору зиндагӣ доранд.
Иштирокдорони конфронс ҳамзамон доир ба ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Туркманистон, инчунин дастовардҳои иқтисодии Туркманистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд.
















Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба таъмини бехатарии радиатсонӣ машварат баргузор шуд
Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба кӯдакони Муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ бо се забон таълим дода мешавад
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%






