Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ» доир гашт. Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои кишвар, муассисаҳои илмию татқиқотӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ҳамзамон коршиносони варзида иштирок ва суханрони намуданд.
Бояд гуфт, ки дар чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокчиён дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, роҳ ва воситаҳои нигоҳдошти якпорчагии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сулҳу субот, ояндабинии пешомадҳои рушди кишвар ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.
Баргузории чунин ҳамоиш дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти бузург мебошад,- зикр гардид дар конфронс.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари муҳимтарин дастоварди сиёсии кишвар ба шумор рафтан, ҳамзамон фазои тақдирсози миллие мебошад, ки дар ҳошияи он Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз вазъи куллан харобгаштаи иҷтимоию иқтисодӣ ба зинаҳои баланди рушд мушарраф гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






