Дилмурод Давлатзода: «Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуғрофиёи ҳамкории байналмилалиашро фарохтар гардонидааст»
Душанбе, 08.08. 2016 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҷиҳати ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти олии назорати молиявии Чин ва Белорус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки алҳол Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи ҳисоби Русия, Қазоқистон, Эрон ва Молдова созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҳамзамон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири «INTOSAI», «ECOSAI» ва «ASOSAI» мебошад.
Дилмурод Давлатзода афзуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо ин созмонҳои муътабари молиявӣ кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин давраҳои омӯзишӣ, ки дар кишварҳои Арманистон, Белорус, Малайзия, Русия, Туркия ва Эрон баргузор гардиданд, ширкат намуда донишҳои худро дар самти назорати молиявӣ, баҳодиҳӣ ба низоми аудити дохилӣ, таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявӣ такмил доданд.
Инчунин ҳамкории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар институтҳои молиявӣ, хусусан Бонки ҷаҳонӣ тавсеа меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки дар зарфи соли равон роҳбарият ва ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои сарони мақомоти назорати молиявии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳрҳои Остона ва Минск доир гардиданд, фаъолона ширкат намуданд. Дар доираи ин ҳамкориҳо нимаи дуюми моҳи апрели соли равон Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявии мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои ИДМ буд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






