Дилшод Назаров изҳор дошт, ки тамоми тоҷикистониён хоб накарда, ҳунарнамоии ӯро пайгирӣ менамуданд

Август 20, 2016 12:48

Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз рӯйи гурзандозӣ Дилшод Назаров изҳор дошт, ки аз рӯйи «лайкҳо»-и шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми тоҷикистониён ҳангоми баромади ӯ бедор будаанд. Дар ин бора «Р-Спорт» иттилоъ медиҳад.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ, ки  шоми 19 август бо вақти маҳаллӣ (субҳи 20 август бо вақти Душанбе) доир шуд, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо нишондоди 78,68 метр медали тиллоро соҳиб шудамд. Ин аввалин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ-2016 мебошад.
«Намегӯям, ки ин ғолибият осон ба даст омад. Мубориза ва рақобати хуб буд. Ман хурсандам, ки барои кишвари худ медали тиллоро соҳиб шудам. Қувва барои ба даст овардани натиҷаи хубтар буд, ман натиҷаи хубтарро интизор будам. Вале, муҳим он аст, ки медали тилло ҳаст, дигараш муҳим нест. Ман хеле хурсандам», — гуфт ба хабарнигорон Дилшод Назаров.

Август 20, 2016 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад