ДМИТ: Бо қаҳрамони олимпӣ мефахрем!

Август 24, 2016 09:01

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро бо гирифтани медали тиллоии Бозиҳои олимпии тобистона дар Рио-де-Жанейрои Бразилия табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ бурдбориҳои беназир орзуманданд. Ҳамчунин тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо чунин дастоварди бузурги фарзанди  фарзонааш  Дилшод Назаров муборакбод мегӯянд.
Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, фарҳанг ва варзиш ин комёбиҳо бештар гашта истодаанд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд ва обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Аз ҷумла, соҳаи варзиш дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд карда, шумораи зиёди варзишгарони болаёқату боистеъдод ба майдони варзиш ворид гардида истодаанд ва аз дастоварди навбатӣ тамоми мардуми тоҷик хурсандӣ мекунанд. Рӯзҳои охир тамоми шаҳрвандон якдигарро таҳният мегӯянд ва ин комёбӣ барои ҳама пиру барно, хурду калон боиси ифтихор гардидааст.
Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 м. партофта, соҳиби ҷои аввал ва медали тиллоӣ гашт ва парчами Тоҷикистон парафшон шуду миллатҳои ҷаҳон ба Қаҳрамони олимпии тоҷик аҳсан гуфтанд.
Бояд зикр кард, ки ин аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ дар таърихи варзиши тоҷик аст. Ин рӯз дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт хоҳад шуд. Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик-Дилшод Назаров бо ин қаҳрамонии  худ шаъну шараф ва обрӯи Тоҷикистонро дар ҷаҳон баланд бардошт. Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро тавассути телефон табрик намуд.
Ба қавли худи Дилшод Назаров, маҳз сулҳу субот ва фазои орому амният дар Тоҷикистон имкон дод, ки ӯ ба чунин натиҷа ноил гардад. Натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат аст, ки варзишгарони тоҷик ба чунин дастовардҳо ноил мегарданд.
Муборак бозуи болои Дилшод,
Муборак парчами болои Дилшод.
Барои миллати маҳбуби тоҷик,
Муборак медали тиллои Дилшод.

Август 24, 2016 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад