Эмомалӣ Раҳмон: Боиси ифтихор аст, ки мардуми бонангу номуси мо зери парчами давлати соҳибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд
Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми азму талош ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат, инчунин таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он равона шудаанд. Ин суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон изҳор гардиданд.
Инчунин Пешвои миллат баён дошт, ки боиси ифтихор аст, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ мардуми бонангу номуси мо, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо бо азму иродаи қавӣ заҳмат кашида, зери парчами давлати соҳибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо суръати миёнасолонаи 6,5 фоиз афзоиш ёфта, то ба 12,5 миллиард сомонӣ дар соли 2015 расонида шуд, ки ба 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.
«Дар 25 соли истиқлолият аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ сарф шудааст»,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуд, ки танҳо барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳимми вилоят 14 миллиард сомонӣ маблағ равона шуда, хонаҳои истиқоматӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 124 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои 6700 қабул дар як баст ва шифохонаҳо барои 2000 кат ба истифода супорида шуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






