Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара текстил» 6000 нафар сокинони мамлакат соҳиби ҷойи корӣ мегарданд»

Август 31, 2016 11:37

Душанбе.31.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара текстил» зикр намуданд, ки танҳо барои ба кор андохтани марҳалаи аввали маҷмааи истеҳсолӣ 600 миллион сомонӣ сармоягузории мустақим сурат гирифта, 600 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
«Дар оянда баробари ба анҷом расидани марҳалаҳои дуюм ва сеюми корхона, дар маҷмӯъ 6000 нафар сокинони мамлакат соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд»,-афзуданд Сарвари давлат.
Ёдовар мешавем, ки корхона дорои 3 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ бо коркарди беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо истеҳсоли зиёда аз 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, рангуборкунии 10 ҳазор тонна ришта ва даври ниҳоӣ — дӯзандагӣ бо истеҳсоли як миллион дона маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз доштанд: «Бунёди марҳалаи аввали корхона бо иқтидори коркарди 26 ҳазор тонна нахи пахта моҳи январи соли 2015 оғоз гардида, васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ бо ҷалби мутахассисони Ширкати «Ритер»-и Швейтсария дар коргоҳи якум, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, бо 37 хати технологии ресандагӣ ва бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта пурра ба анҷом расидааст».

Август 31, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад