Эмомалӣ Раҳмон: «Дар доираи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чандин корхонаҳои нав бунёд гардиданд»
Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон то замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари содиркунандаи ашёи хоми металлҳои рангаву нодир, ашёи нимтайёри саноати бофандагӣ, аз ҷумла нахи пахта ва консерваҳои гуногуни меваю сабзавот ба ҳисоб мерафт. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил» дар ноҳияи Данғара иброз намуд.
«Дар доираи нақшаи дурнамо ва бо истифода аз захираи канданиҳои фоиданок ва ашёи хоми табиӣ тағийр додани сиёсати соҳавӣ дар соҳаи саноат пешбинӣ шудааст, ки тавассути дигаргунсозӣ ё навсозии куллии технологияи истеҳсолот гузаштан аз маҳсулоти нимтайёр ба тавлиди маҳсулоти тайёр ҳадафи асосии он мебошад»,- афзуд Пешвои миллат.
Дар натиҷаи иқдомҳои то имрӯз амалинамудаи Ҳукумат ҳиссаи саноати коркард ҳамасола афзуда, соли 2015 нишондиҳандаи он наздик ба 66 фоиз баробар шудааст, ки нисбат ба саноати истихроҷ қариб 5 баробар зиёд мебошад.
Тибқи таҳлилҳо соли 1991 дар қаламрави мамлакат ҳамагӣ се корхона — комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ва фабрикаҳои калобаи пахтагини шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Конибодом фаъолият карда, иқтидори умумии солонаи онҳо коркарди 28 ҳазор тонна нахи пахтаро ташкил медод.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баён дошт, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва дар доираи барномаҳои давлатӣ аксари бахшҳои соҳа, аз ҷумла соҳаи саноати ресандагӣ сол ба сол тараққӣ карда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чандин корхонаҳои нав бунёд гардиданд, ки дар як сол имконияти коркарди беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахтаро доранд.
То имрӯз дар вилояти Суғд 7 корхона, Хатлон — 7 ва дар шаҳри Ҳисор як корхонаи азими коркарди нахи пахта ба истифода дода шудааст.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






