Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд якҷо ҷиҳати пайдо кардани ҳамоҳангӣ миёни Даҳсолаи нав ва дигар иқдомоти байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ диҳем»
Душанбе, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта Шӯрои машваратии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба масъалаҳои об ва беҳдошт кори худро ба анҷом расонид. Шӯрои мазкур зимни натиҷагирӣ аз фаъолияташ тайи солҳои ахир тавсияву пешниҳодотро ҷиҳати таҳким бахшидан ба сохтори ҷаҳонии об ироа кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт”, ки имрӯз дар Душанбе ба кори худ шурӯъ кард, изҳор дошт, ки бо дарназардошти зарурати идомаи талошҳо дар татбиқи Ҳадафи шашуми Рӯзномаи рушди устувор, тавсияву пешниҳодоти Шӯрои машваратии Дабири кулли СММ роҷеъ ба масъалаҳои об ва беҳдошт ҷавобгӯи талаботи рӯз буда, дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об мусоидат менамоянд. «Аз ин рӯ, мо бояд якҷо ҷиҳати пайдо кардани ҳамоҳангӣ миёни Даҳсолаи нав ва дигар иқдомоти байналмилалӣ дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳем», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд, ки таҷриба нишон медиҳад, ҳадафҳо танҳо дар ҳолате амалӣ мешаванд, ки василаҳои муассир ва нақшаҳои мушаххас барои татбиқи онҳо тарҳрезӣ шуда бошанд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки Ҳадафи шашуми рушди устувор, бо дарназардошти вижагиҳои ҳар кишвар, ба стратегияҳои миллии рушди устувори онҳо ба ҳайси ҷузъи меҳварӣ ворид карда шавад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






