Фарҳод Раҳимӣ: «Эҳтимоли рух додани заминларзаҳои аз 7 балл зиёд дар Тоҷикистон хеле ночиз аст»
Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Минтақаи Тоҷикистон, гарчанде ки аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол ҳам бошад, дар 80 соли охир дар ҷумҳурӣ ягон маротиба заминларзаи аз 7 балл зиёд рӯй надодааст. Эҳтимоли рух додани заминларзаҳои аз 7 балл зиёд хеле ночиз аст. Он сарбандаҳое, ки дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон сохта мешаванд, барои минтақа ягон хатар надоранд»,- иброз дошт президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни Конфронси байналмилалии илмию амалӣ, ки имрӯз дар Душанбе ба кори худ оғоз кард. Конфронс таҳти унвони «Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкил намудани гуфтугӯи озод ва табодули назар байни олимон, мутахассисон ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ баргузории ин конфронсро ба нақша гирифтааст.
Фарҳод Раҳимӣ инчунин тобоварии сарбанди кўли Сарез бо баландии 567 метр ба заминларзаҳои рўйдодаро таъкид намуда, иброз дошт, ки аз чунин сарбандҳо ба аҳолӣ, махсусан ба аҳолии кишварҳои поёноб ҳеҷ гуна хатар таҳдид намекунад.
«Мо ба масъалаи тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи сейсмология, сохтани шабакаи ягонаи сейсмикии Осиёи Марказӣ, табодули фаврии иттилоот ҳангоми рӯй додани заминларза ва мувофиқа намудани онҳо доимо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем»,-илова намуд перзиденти Академияи илмҳо.
Дар конфронс масъалаҳои амнияти сейсмикии сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани неруи сейсмологҳои минтақа ҷиҳати паст намудани хатари заминларзаҳо дар кишварҳои ҳамҷавор, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологии Осиёи Марказӣ, ҷалби донорҳои байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти сейсмикӣ муҳокима гаштанд.
Иштирокчиёни конфронс доир ба бехатарии сохтмонҳои иҷтимоӣ ва шаҳрсозӣ нисбат ба заминларза ва то ҳадди имкон кам намудани хавфи онҳо ва таъмини амнияти сейсмикӣ ҳангоми банақшагирии сохтмонҳо дар шаҳрҳо (махсусан шаҳрҳои калон) табодули назар карданд.
Ҳамчунин дар конфронс намоишгоҳи технологияҳои нав дар самти сейсмология ва натиҷаҳои илмии олимони тоҷик ба маъраз гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки дар кори конфронс беш аз 100 олими шинохтаи соҳаи сейсмология аз 16 кишвари дунё иштирок доранд.
Бегоҳии имрӯз зимни ҷамъбасти кори конфронс Баёнияи иштирокдорони он қабул карда мешавад.













Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






