Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» бо ҳунарнамоии санъаткорони ноҳияи Сино оғоз гардид
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» сараввал бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳакамон намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи мазкурро ба 8 хол муносиб донистаанд. Дар иҷрои шартҳои озмун дар доираи барномаи консертӣ ҳунармандони ин ноҳия дар лапархонӣ (9,7 хол) ва рақси якка (9,4 хол) афзалият дошта, дар маҷмӯъ соҳиби 100,6 хол гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, то 21 августи соли равон идома ёфта, 23 август бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ҷамъбаст мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






