Фестивал-озмуни VIII байналхалқии муғам 14 октябр дар Боку доир мегардад

Август 25, 2016 08:12

Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябри соли равон дар Маркази байналхалқии Муғам дар шаҳри Боку Фестивал-озмуни VIII байналхалқии муғам (як навъи асосии мусиқии анъанавии озарбойҷонӣ) байни наврасони то 16-сола доир мегардад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва туризм, инчунин Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон роҳандозӣ шудааст.
Фестивал-озмуни VIII байналхалқии муғам анъанаи неки фарҳангӣ ва ҷашни санъату эҷод буда, он ба наврасон имкон медиҳад бо ҳамсолони худ аз кишварҳои гуногун дӯстӣ пайдо кунанд ва дар бораи санъату фарҳанги кишварҳои гуногун маълумот ба даст оранд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Август 25, 2016 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад