Фестивали VI байналхалқии театрӣ дар Алмаато баргузор мегардад
Душанбе, 23.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 14 октябр дар шаҳри Алмаато Фестивали VI байналхалқии театрӣ таҳти унвони «Қазоқистон-дили АвруОсиё» доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Фестивали VI байналхалқии театрӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда мешавад.
Барои иштирок дар фестивали мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи озмун як гурўҳи театрӣ бо намоиши беҳтарине, ки тӯли се соли охир рўи саҳна омадааст, даъват мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






