Фирузи Султонзода, котиби маҷлиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Дар таҳкими адолати судӣ нақши истиқлолият бузург аст»
Душанбе, 23.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Пас аз ҳазор соли парешонӣ миллати куҳанбунёди тоҷикро хушбахтии беназир насиб гардид. Ба мо муяссар гашт, ки истиқлолиятро ба даст оварда, давлати соҳибихтиёри худро созем. Дар дунё зиёданд миллатҳое, ки солҳои тӯлонӣ барои ба даст овардани истиқлолият мубориза мебаранд, аммо ин неъмати бебаҳо насибашон намегардад. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсӣ (6 ноябри соли 1994) ба давлати ҳуқуқбунёд заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуда, кишвари мо давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Тибқи моддаи 20-и Конститутсия ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Ин меъёри конститутсионӣ ба зиммаи мақомоти судии кишвар вазифаи басо муҳим ва масъулиятнокро вогузор мекунад.
Зарурати ташаккули ҳокимияти судӣ дар радифи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонҳову конвенсияҳои байналмилалӣ, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ба миён омад.
Мавриди зикр аст, ки тамоми дастовардҳои ҳокимияти мустақили судӣ самараи даврони истиқлолият буда, дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ заминаи ҳуқуқии ислоҳоти судӣ дар кишвар ба вуҷуд омад ва Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Барномаи мазкур дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз-судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррасро иҷро намуда, ҳамчунин тамоми масоили ҳалталаби фаъолияти мақомоти ҳокимияти судиро дар бар гирифта, идомабахши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Суди ноҳияи Исмоилии Сомонии шаҳри Душанбе низ чун қисми таркибии ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро намудани ин вазифаи муҳим ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо мунтазам барои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, бо ин мақсад мурофиаҳои сайёри судӣ ва вохӯриҳо барпо карда, нашри мақола ва баромадҳоро дар воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондааст.








ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст






