Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот: «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» нашр мегардад»
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон китоби «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» қисмҳои 1 ва 2 бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва мунташир гардад.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки китоби мазкур аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мегардад ва дастовезест ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, дар таҳияи китоби «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони варзида ҷалб гардидаанд.
Таҳия ва нашри чунин китобҳо дар оянда дар соҳаҳои дигари тахассусӣ низ дар нақшаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






