Гузориш оид ба «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-июли соли 2016 аз чоп баромад

Август 20, 2016 11:55

Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гузориш оид ба «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-июли соли 2016 аз чоп баромад.  Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиро барои моҳи охири ҳисобот ва аз аввали сол дар бар мегирад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ динамика аз рӯи моҳҳои соли равон ва гузашта оварда мешавад. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумоти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд.
Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ иттилооти васеъ пешниҳод карда мешаванд.

Август 20, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст