Хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд
Душанбе, 22.08.2016. / АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то августи 19 августи соли равон дар шаҳри Қазони Федератсия Русия Олимпиадаи ҷаҳонӣ «28th IOI2016» аз фанни технологияи иттилоотӣ дар байни 82 давлати дунё бо иштироки 328 нафар хонанда доир гардид. Дар олимпиада дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар Фарҳоди Ҳакимиён, Нодир Даминов, Нозимҷон Сафаров ва Фаррух Каримов муаррифӣ намуданд.
Хонандагони тоҷик аз соли 2009 инҷониб дар ин олимпиадаи бонуфуз танҳо сазовори ҷойи сеюм мегардиданду халос. Имсол як нафар хонандаи тоҷик Фарҳод Ҳакимиён аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори медали нуқра ва Нодир Даминов аз Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В» сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Инчунин аз 14 то 19 августи соли равон дар вилояти Чиангмайи Давлати Шоҳигарии Тайланд олимпиадаи байналмилалии наврасон-ТIMC 2016 178 даста аз фанни математика дар байни 30 давлати дунё баргузор гардид.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 даста иштирок намуда, сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ: 4 нафар соҳиби ҷойи сеюм (Парвизҷон Алиев, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат», Шоҳрухҷон Исматов, Меҳрон Бобохонов ва Наимҷон Хонҷонов, хонандагони Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В») ва 8 нафар бо ифтихорномаҳои фахрии олимпиада сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷониби Кумитаи тадорукоти олимпиада ҷиҳати иштироки фаъолонаи хонандагони тоҷик, ки бори аввал дар олимпиадаи мазкур сазовори натиҷаҳои назаррас гардиданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тавсия дода шуд, ки бо мақсади вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ хонандагон дар олимпиадаҳои фосилавӣ мунтазам иштирок намуда, барои роҳ ёфтани онҳо ба олимпиадаҳои байналмилалӣ заминаи устувор ба вуҷуд оварда шавад.
Аз аввали соли 2016 инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Амрико, Федератсияи Русия, Ветнам, Швейтсария ва Тайланд баргузор гардиданд, сазовори 116 медал: 19 ҷойи аввал, 33 ҷойи дуюм, 64 ҷойи сеюм ва 30 ифтихорномаи фахрӣ гардидаанд.








Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






