Хуҷанд: Ғолибони озмуни шаҳрии «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм», «Қанноди беҳтарин» ва «Оши палав» муайян шуданд

Август 22, 2016 13:42

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чойхонаи «Нури Аҷам»-и маркази вилояти Суғд озмуни шаҳрии «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм», «Қанноди беҳтарин» ва «Оши палав» баргузор гардид.
Дар озмун 10 нафар палавпазон, 6 нафар қаннодон ва 8 нафар нонвойҳо маҳсули дастранҷи хешро пешниҳоди аъзои  ҳакамон гардониданд.
Баъд аз баргузории озмун  дар бахши палавпазӣ ошпазҳои чойхонаи «Сирдарё», дар бахши қаннодӣ коргоҳи қаннодии «Афсона» ва дар бахши нонпазӣ нонпазони нонвойхонаи «Панҷшанбе» ғолиб омаданд.
Ба ғолибон диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуданд.

Август 22, 2016 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад