И. Нусратзода: Дар мубориза бар зидди коррупсия солҳои охир дар кишвар заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд

Август 25, 2016 11:59

Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманди намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардид.
Прокурори калони Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Нусратзода оид ба мазмун ва муҳтавои Паёми Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз ҷумла, гуфт, ки: «Паём воқеан ҳам инъикоскунандаи вазъият, бурду бохт ва равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои муқаррароти он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандони мо хоҳад буд».
Зикр шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муваззаф гаштаанд, ки дар ин самт фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкоркунӣ ва аз байн бурдани гурўҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва такмили тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар мубориза бар зидди коррупсия солҳои охир дар кишвар заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд. Дар баробари ин, барои паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд.

Август 25, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид