Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ “Моҳир Семент”

Август 24, 2016 09:11

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар  ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳир Семент” иштирок кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши таҷҳизоти  рамзӣ ба фаъолияти дуюмин корхонаи бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон асос гузошт.

Корхонаи  истеҳсоли  сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳир Семент” бо иқдоми соҳибкори ватанӣ  Баҳриддин Ҷураханов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи  умумӣ дар ҳаҷми  958 миллион сомонӣ ҷалб шудааст, ки  35 фоизи ин маблағ  саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.

Дар заминаи корхонаи мазкур  аз  ҳисоби  маблағҳои умумӣ  бунёду ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо маблағи  120 миллион сомонӣ ва иқтидори 1 миллион метри квадратӣ дар як сол ҳамчунин бунёди  коргоҳи истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ бо маблағи  80  миллион  сомонӣ ва иқтидори 80 миллион халта дар як сол дар назар дошта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона  ба  1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар  як сол баробар  буда, оянда  дар он  ва  ду  корхонаи дигари дар марҳилаи дуюм бунёдшаванда  850 нафар бо ҷойи  кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар  корхона  муосиртарин  таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот аз тариқи дастгоҳҳои  электронӣ  танзим  ва  назорат  карда мешавад. Тавре иттилоъ дода  шуд, дар корхона навъҳои 400, 500 ва 600-и семент истеҳсол  шуда, он  аз  ҷиҳати  навъи истеҳсол ва таҷҳизоти корӣ дар ҷумҳурӣ  ва  минтақа  беназир  аст.

Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳузури аҳли заҳмати  ин корхонаи бузурги саноатӣ, бунёди онро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкории ватанӣ ва бахши хусусӣ, инчунин иқдомҳои муассир дар роҳи гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва кам кардани шиддати маҳсулоти воридотӣ  арзёбӣ намуд.

Август 24, 2016 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон