«Имконияти нави ҳамкориҳои Созмони ҳамкории Шанхай»-аввалин лагери ҷавонони СҲШ
Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 29 августи соли 2016 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Имконияти нави ҳамкориҳои Созмони ҳамкории Шанхай» баргузор мегардад. Дар кори он намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ – Тоҷикистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, давлатҳои нозири СҲШ – Афғонистон, Беларус, Ҳиндустон, Муғулистон, Эрон ва Покистон иштирок менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар лагери ҷавонон 15 нафар, аз ҷумла намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷавонони фаъол намояндагӣ хоҳанд кард.
Умед аст, ки иштирок дар кори якумин лагери ҷавонони СҲШ барои ҷавонони кишвари мо имкониятҳои нави ҳамкориро бо дигар ҷавонон, аз ҷумла бо намояндагони ҷавонони СҲШ бештар месозад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






