Имрӯз- Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона: 65 миллион сомонӣ ёрии башардӯстонаи кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба маблағи 65 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расонида шуд»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» сардори раёсати Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Раҳимов дар Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона (World Humanitarian Day), ки ҳамасола 19 август дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Абдукарим Раҳимов афзуд, ки дар ин давра асосан ба кишвари мо аз Русия ба маблағи 2 миллиону 87 ҳазор сомонӣ, Озарбойҷон наздик ба 4 миллион сомонӣ, Покистон беш аз 7 миллион сомонӣ, Фонди муассисаи хайриявии Халифа бин Зоид Оли Наҳён (Имороти Муттаҳидаи Араб) наздик ба 6 миллион доллар, Қазоқистон 800 ҳазор сомонӣ ва Туркия 400 ҳазор сомонӣ кумакҳои башардӯстона расидаанд.
Кумакҳои башардӯстона асосан аз маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ, техникаи сохтмонӣ, маводи шустушӯӣ, хайма ва кампал иборат мебошанд. Намояндаи масъули Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ афзуд, ки Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба қабул ва нигоҳдории кумакҳои башардӯстона мебошад. Тақсимоти кумакҳои башардӯстона дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Мавриди зикр аст, ки дар ин давра аз ҳисоби сарватҳои моддии захираи давлатӣ ва кумакҳои башардӯстона ба зарардидагони офатҳои табиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯдакӣ 16 миллион сомонӣ кумакҳои моддӣ расонида шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи ҷаҳонии ёрии башардӯстона дар асоси Эъломияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ аз 11 декабри соли 2008 ҷиҳати мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии ҷомеа бо мақсади расонидани кӯмакҳои башардӯстона дар тамоми ҷаҳон ва муҳимияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин бахш эълон гардидааст.
Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона дар санаи 19 август ба пос доштани хотираи қурбоншудагони амали террористӣ, ки 19 августи соли 2003 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Бағдоди Ироқ ба амал омад, рабт дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи ин амали террористӣ 22 нафар, аз ҷумла намояндаи махсуси дабири кулли СММ Сержиу Вейра ди Меллу ба ҳалокат расида буданд.













Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






