Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай
Душанбе, 27.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 23-25 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки ҷаласаи якуми ин ниҳод дар давраи раисии Қазоқистон дар СҲШ дар солҳои 2016-2017 ба ҳисоб меравад.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок намуд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба чорабиниҳои давраи раисии Қазоқистон дар СҲШ дар солҳои 2016-2017, омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ, баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда дар сатҳи роҳбарон ва коршиносони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ, баррасии натиҷаи баъзе аз чорабиниҳои баргузоршуда ва дигар масъалаҳои мубрами фаъолияти СҲШ мавриди муҳокима карор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






