Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ дар мавзӯи «Амнияти обӣ ва рушди бемайлон»
Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов дар Конфронси сеюми байналмилалӣ бахшида ба мавзӯи «Амнияти обӣ ва рушди бемайлон», ки аз ҷониби Вазорати банақшагирӣ, рушд ва ислоҳоти Покистон, Шӯрои Покистон оид ба омӯзиши идоракунии захираҳои обӣ ва Донишгоҳи Ҳарипур ташкил шуда буд, ширкат намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ВКХ ҶТ хабар доданд.
Шералӣ Ҷононов дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкории обӣ, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии истифодаи захираҳои обӣ ва чорабиниҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон баргузор шуда буданд, суханронӣ намуд. Дар конфронси мазкур инчунин вазири федеролии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба банақшагирӣ, рушд ва ислоҳот Аҳсан Иқбол, намояндагони доираҳои илмӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ сухан гуфтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






