Истихроҷи ангишт ба зиёда аз 600 ҳазор тонна расонида шуд

Август 9, 2016 14:39

Душанбе, 09.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017,  таъмини Маркази барқу-гармидиҳӣ бо ангишт  дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, ба роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳибкорони ватанӣ, дастурҳои мушаххас медиҳад.
Дар ҳафт моҳи соли равон корхонаҳои соҳаи ангишт, истихроҷи ангиштро ба миқдори зиёда аз 600 ҳазор тонна расониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 210 ҳаз. тонна зиёд  мебошад.
Ҳоло дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯш, зиёда аз 200 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад. Муштариён метавонанд,  аз ин нуқтаҳо ва анборҳо харидории  ангиштро ба роҳ монанд. Истихроҷи шабонарӯзии ангишт  ба 4500- 8000 тонна расонида шудааст.

Август 9, 2016 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад