Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 224 ҳазор тонна зиёд шуд
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон то 17 августи соли 2016 — 700 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 224 ҳазор тонна зиёд аст. Бақияи ангишт дар анбори корхонаҳои соҳаи саноати ангишт 211 ҳазор тонна мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар айни замон, дар анборҳои корхонаҳои соҳаи саноат зиёда аз 211 ҳазор тонна ангишт мавҷуд буда, муштариён метавонанд аз ин нуқтаҳо ва анборҳо ангишт харидорӣ намоянд.
Дар айни замон истихроҷи шабонарўзии ангишт ба 5500-8000 тонна расонида шудааст.












Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






