Китоби «Саодати истиқлол»-туҳфа ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Душанбе, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Саодати истиқлол»- таҳти чунин унвон китоби журналист Саидмурод Рабизода дар нашрияи ҶДММ «Нашри Камол» аз чоп баромад.
Китоб ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он оид ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон дар як давраи муайяни таърих дар яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар-ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ҳамчун ноҳияи саноатӣ шинохта шудааст, маълумоти зарурӣ пешниҳод гардидааст.
Ноҳияи Сино 30 марти соли 1975 бо Қарори Совети вазирони РСС Тоҷикистон бо номи Фрунзе ташкил шуда, аз 7 апрели соли 2003 он ба ноҳияи Сино тағйири ном кард. Ноҳия яке аз ноҳияҳои калонтарини шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Масоҳати он 43,5 километри мураббаъро ташкил дода, дар он зиёда аз 308 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ноҳия 34 шаҳрак ва 34 маҳалла ҳамчун мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ вуҷуд доранд.
Дар ноҳияи Сино 56 муассисаи таълимӣ, 49 муассисаи томактабӣ, 5 мактаби олӣ, 3 литсей, 5 гимназия, 1 мактаби байналмилалии президентӣ ва 5 интернат фаъолият менамоянд. Дар ҳудуди ноҳия 45 муассисаи тандурустӣ ба мардум хизмат мерасонанд, ки аз онҳо 25 муассисаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 7 муассисаи шаҳрӣ ва 10 муассисаи аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағгузоришаванда ба ҳисоб мераванд. Инчунин 3 муассисаи тандурустии худмаблағгузор фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳия 24 майдончаи варзишӣ ва кӯдакона мавриди истифода қарор дошта, дар онҳо бештар аз як ҳазору 411 нафар наврасону ҷавонон ба машқҳои гуногун фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон дар ҳудуди ноҳия 133 корхонаи нақлиётӣ, худхизматрасонӣ, маишӣ ва фароғатӣ, инчунин даҳ бозори гуногун ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.
Агар дар соли 2006 дар ноҳия 64 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, пас ин рақам дар соли 2015 ба 167 корхонаи саноатӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ расид.
Сокинони ноҳияи Сино дар рӯҳияи озоду муҳити обод зиндагӣ доранд, ки дар фароҳам овардани чунин шароити созгор нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






