КМТ: «Инъикоси 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» — намоиши китоб
Душанбе, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳафтаи китоб намоиши китоб баргузор гардид.
Дар намоиш 34 номгӯи китобҳо, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба табъ расидаанд ва дар зарфи 25 сол роҳи тайкардаи тоҷикистониёнро дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ инъикос менамоянд, пешниҳоди дӯстдорони китоб гардиданд.
Аз ҷумла, китобҳои «7 соли Эмомалӣ Раҳмон» — и А. Шарифзода, «Оғози фатҳи қуллаҳо», «Муқаддимаи идеяи миллӣ» и А. Маҳмадов, «Ҳизби зодаи Истиқлолият» и С. Сафаров, «15 баҳори Истиқлол», «Тоҷики Оламшумул» ва ғайра аз зумраи китобҳои ин намоишгоҳ мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






