Конфронс дар мавзӯи «Ҷавонони зодаи Истиқлолият- созандагони боэътимоди Ватан!» баргузор гардид
Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонони зодаи Истиқлолият-созандагони боэътимоди Ватан!» баргузор гардид.
Конфронс бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд.
Дар кори ҳамоиш ҷавонон аз шаҳру навоҳии Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа ва нақшаҳо дар роҳи созандагии фардои ватан изҳори андеша карданд.
Дар назар аст, ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 25-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин нишасту вохӯриҳоро бо ҷавонон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир намояд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






