Конфронс таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ» ба кори худ шурӯъ мекунад

Август 5, 2016 09:00

Душанбе, 05. 08. 2016. /АМИТ«Ховар» /. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ» бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ,  сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд тазаккур дод, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи мамлакат рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, аз ҷумла  қонунгузорӣ ва заминаи ҳуқуқии соҳа мукаммал гардида,  рушди инфрасохтори соҳа  ташаккул ёфт.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 30 фоизи соли 2000 то 67 фоиз дар соли 2015 зиёд гардида, ҳоло 78 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 65 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин мегардад. Рушди иқтисодӣ дар доираи 7 фоизи солона таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000-ум то 32 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуд.
Эълон гардидани 14 октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкор аз соли 2001то ин замон баргузор намудани мулоқоти мунтазами Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳамоишу Форумҳои байналмилалӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо, фароҳам будани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади иштироки васеи намояндагони бахши хусусӣ дар баррасии масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ баёнгари таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҳамзамон илҳомбахши соҳибкорону сармоягузорон дар рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Дар назар аст, ки иштирокдорони конфронс атрофи натиҷаҳои дар самти ташаккули сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ бадастомада ва иқдомоти минбаъдаи соҳибкорону сармоягузорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ дар мамлакат мулоҳизаронӣ намоянд.

Август 5, 2016 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад