Конфронси илмӣ- амалӣ: «Таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар даврони истиқлол» доир мегардад

Август 10, 2016 09:29

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар даврони истиқлол» баргузор мегардад.
Дар конфронс вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сухани ифтитоҳӣ намуда,  номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзӯи «Рушди ҳамкории мутақобилаи фарҳангӣ байни Тоҷикистону Русия дар заминаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ»,  профессори кафедраи фаъолияти иҷтимоӣ- фарҳангии Донишкадаи давлатии фарҳанги Челябинск Бозоралӣ Сафаралиев дар мавзӯи «Саҳми муассисаҳои таълимии Русия дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон» ва номзади илмҳои педагогӣ Ботурҷон Каримов дар мавзӯи «Муносибати инноватсионии ҳалли масоили менеҷмент дар фаъолияти иҷтимоӣ- фарҳангӣ» маърӯза хоҳанд кард.

Август 10, 2016 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад