Корхонаҳои навтаъсиси коркарди пурраи нахи пахта аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд
Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ифтитоҳи Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил» дар ноҳияи Данғара иброз намуданд, ки воридоти дастгоҳу таҷҳизот аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис, ки бо коркарди пурраи нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардида, боз як қатор имтиёзҳои дигар пешбинӣ шудаанд.
«Итминони комил дорам, ки ин маҷмааи истеҳсолӣ бо истифода аз имконияту имтиёзҳои муҳайёшуда дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо истеҳсоли молҳои баландсифату рақобатпазир дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар мавқеи хосса пайдо менамояд»,-илова намуданд Пешвои миллат.
Ҳамзамон бо ин, бунёду фаъолияти мураттаби ҳар як корхонаи нави саноатӣ қадами навбатие ба сӯи амалисозии ҳадафи аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






