Кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ ба зиёда аз 60 лоиҳаи қонунҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ доданд
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «7 китоб ва беш аз 60 мақолаи илмию таҳлилӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чопхонаҳои кишвар ба табъ расиданд», -гуфт дар нишасти матбуотӣ Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо», «Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи ҳуқуқии ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин қабиланд.
Ҳамзамон Маҳмад Раҳимзода афзуд, ки кормандони марказ ба зиёда аз 60 лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ доданд, ки дар маҷмӯъ беш аз 300 таклифу пешниҳодро фаро мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






