Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров Сафири Япония дар Тоҷикистон Хаджиме Китаокаро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ “Ховар”/. Субҳи имрўз бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаджиме Китаокаро ба ҳузур пазируфт.
Аз дастгоҳи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ки зимни суҳбат ҷонибҳо аз мунсибатҳои ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба тадриҷан рушд ёфтани ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва таҳкими он барои минбаъд мубодилаи афкор намуданд.
Сафир Хаджиме Китаока изҳори эътимод кард, ки дар давоми фаъолияти худ дар Тоҷикистон барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳои дўстона ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар кўшиш ба харҷ хоҳад дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






