Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон сафири нави Ҳиндустон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 11.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки муносибатҳои байнидавлатии ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сатҳи хуб қарор доранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки захираву имконият ва шароити ҳамкориҳои истифоданашудаи миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун зиёданд. Аз ҷумла, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди тавҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.
Дарр мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, зарурияти тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикршуда таъкид карда шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






