Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоқот намуд
Душанбе, 11.08.2016./АМИТ «Ховар»/. 10 август дар Душанбе котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва ҳайти ҳамроҳонаш мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Шӯрои амнияти мамлакат хабар доданд.
Дар мулоқот масоили амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои ду кишвар оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз қабили экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими амният дар сарҳади ду кишвар матраҳ гардиданд.
Зимни вохўрӣ густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба доир ба масъалаҳои мавриди назар хотирнишон гардид.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






