Маъмурияти дипломатии Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид
Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 23 август Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва густариши бемайлони ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ роҳҳои татбиқи созишномаҳо ва тавофуқҳоеро, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар моҳи майи соли равон дар Кувайт ҳосил шуданд, баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар атрофи татбиқи муштараки тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон бо ҷалби доираҳои сармоягузор ва бунёдҳои хайриявии Кувайт табодули назар сурат гирифт.
С.Аслов ба Сафири Давлати Кувайт барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт изҳори сипос намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






