Маркази миллии тестӣ азнавбақайдгириро барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ эълон мекунад
Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон (3‑юми август) роҳ ёфта буданду лекин дар озмуни мазкур аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, расонида мешавад, ки тибқи ҷойҳои дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016 холимонда озмуни тақсимоти такрории довталабон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд.
Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок надоранд.
Бо мақсади иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб бояд аз нав аз қайд гузарад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда мешавад, 20 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгириашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд.
Ёдрас менамоем, ки қабули маблағҳо барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ бевосита дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуда, ятимони кулл ва бепарасторон аз пардохти маблағ озоданд. Азнавбақайдгирӣ аз 19‑ум то 22‑юми август баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон доир мегардад, 26‑уми август эълон карда мешаванд.
Мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30‑юми июли соли 2016, № 11/17 тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ихтисосҳое баргузор карда мешавад, ки дар онҳо баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, инчунин бинобар сари вақт барои аз қайди муассисаи таълимӣ гузаштан, ҳозир нашудан ё аз таҳсил даст кашидани довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбгардида ҷойи холӣ мондааст.
Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегарданд, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад.
Дар азнавбақайдгирӣ довталабон имкон доранд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон интихоб намоянд. Инчунин ба довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-ум имкон дода мешавад, ки дар сурати аз гурӯҳҳои ихтисосҳои пештар интихобкардаашон даст кашидан ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кунанд. Хотиррасон менамоем, ки дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум шумораи ҷойҳои холӣ бештар аст ва ба довталабоне, ки баллҳои нисбатан камтарро соҳиб гардидаанд, тавсия медиҳем, ки ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум интихоб намоянд.
Озмуни тақсимоти такрорӣ барои ихтисосҳои гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-ум дар асоси баллҳои умумии аз қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабон ва барои ихтисосҳои гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум дар асоси баллҳои умумии танҳо аз қисми А (имтиҳони умумӣ) бадастовардаи довталабон гузаронида мешавад. Озмуни тақсимоти такрорӣ барои ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, дар асоси баллҳои умумии аз қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталабон доир карда мешавад.
Довталабе, ки аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, вобаста аз иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён имкон дорад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои муайяншуда он ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд.
Довталабе, ки аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ), қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва санҷишҳои қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, имкон дорад барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар доираи танҳо гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш он ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва В-ро аз рӯйи самти дахлдор талаб менамоянд.
Довталабе, ки аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ), қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва санҷишҳои қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, имкон дорад барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (1) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои муайяншуда он ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ё (2) дар доираи танҳо гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш он ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б ва (ё) А ва В-ро талаб менамоянд.
Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосҳоро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ё динӣ) бе маҳдудияти навъи ихтисосҳои мазкур интихоб намояд.
Бори дигар ба ҳамаи довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ муваффақ нагардидаанд ва хоҳиши иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро доранд, муроҷиат менамоем, ки бо рӯйхати ихтисосҳое, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд, аз сомонаи Марказ пешакӣ шинос шуда, ҳангоми интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил ба шитобкорӣ роҳ надода, онҳоро дуруст, мувофиқи донишу қобилият ва имкониятҳояшон интихоб намоянд.
РӮЙХАТИ
нуқтаҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2016
Р/т | № нуқтаи бақайдгирӣ | Муассисаи таълимӣ | Нишонӣ | ||
Шаҳри Душанбе | |||||
1. | 01/01 | Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15‑солагии Конститутсияи Тоҷикистон | шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15 | ||
2. | 01/02 | Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб | шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59 | ||
3. | 01/03 | Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 24 | шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61 | ||
4. | 01/04 | Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и ба номи Юсуф Акобиров | шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, 265/1 | ||
Вилояти Суғд | |||||
5. | 02/01 | Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров | шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум | ||
6. | 02/02 | Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 5 | шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79 | ||
7. | 02/03 | Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов | шаҳри Истаравшан, кӯчаи Аслонхӯҷа Юнусов, 93 | ||
Вилояти Хатлон | |||||
8. | 03/01 | Литсейи тамоюли технологии ба номи Н. Назирматов | шаҳри Қурғонтеппа, кӯчаи Айнӣ, 67 | ||
9. | 03/02 | Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи А. Ҳомидов | шаҳри Қурғонтеппа, кӯчаи Дзержинский, 17 | ||
10. | 03/03 | Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1 | шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 | ||
11. | 03/04 | Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2 | ноҳияи Данғара, кӯчаи Нуралӣ Миралӣ | ||
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | |||||
12. | 04/01 | Донишгоҳи давлатии Хоруғ
ба номи Моёншо Назаршоев |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28 |