Масъалаҳои мубориза ва пайомадҳои номатлуби нашъамандӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ муҳокима гардид
Душанбе, 26.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир ба пешгирӣ, мубориза ва пайомадҳои номатлуби нашъамандӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Вохӯрии мазкур бо иқдоми Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гашта, дар он ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ, муовинони командири қисми ҳарбӣ ва афсарону сарбозон ширкат доштанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, ба иштирокчиён оид ба бемории нашъамандӣ, омилҳои гирифторӣ ба ин бемории марговар ва оқибатҳои тиббиву иҷтимоии он маълумоти муфассал дода шуд. Дар баробари ин оид ба вазъи умумии нашъамандии вилоят, натиҷаҳои фаъолияти хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар самти муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва чораҳои амалишаванда бобати пешгирии қочоқи маводи мухаддир мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи кишвар ба тарбияи хизматчёни халқу меҳан дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва садоқат ба ватан аҳамияти хосса дода шавад, то ягон қувваи харобкору даҳшатфикан ҷуръати халалдор сохтани амният ва таҷовуз ба марзу буми моро надошта бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






