ММТ : «Довталабон ба ихтисосҳои тиб ва ҳуқуқшиносӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд»
Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.Наздики 44 ҳазор довталабон имтиҳонро бомуваффақият супорида, аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимии кишвар тақсимот шуданд.
Ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ муовини якуми директори Маркази миллли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Ҷаъфаров таъкид намуда, зикр кард, ки ин теъдод 80% -и нақшаро ташкил медиҳад.
«Дар айни ҳол, дар муассисаҳои таълимӣ 10 ҳазору 954 ҷои холӣ боқӣ монд ва мо тасмим гирифтем, ки аз 19 то 22 август дар 7 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бқайдгирӣ барои баргузор кардани озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронем»,- гуфт С. Ҷаъфаров ва илова намуд: «Ин озмун барои нафароне, ки холҳои гузаришро гирифтаанду бинобар нарасидани балҳояшон дар озмуни тақсимот муваффақ нашудаанд, гузаронида мешавад».
Ба иттилои муовини якуми директори ММТ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тайи чанд соли охир довталабон ба ихтисосҳои тиб, ҳуқуқшиносӣ, дипломат, иқтисодиёт ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, ихтисосҳои техникиро камтар интихоб менамоянд.
Бояд зикр кард, ки соли равон бо мақсади шаффоф, дастрас ва озод баргузор намудани имтиҳонҳо дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 43 маркази имтиҳонӣ ташкил карда шуд.
Соли ҷорӣ шумораи умумии муассисаҳои таълимие, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба роҳ монда шуд, 59 ададро ташкил дод. Ба ин шумора 33 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 26 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






