Моҳҳои январ-июл сатҳи таваррум 3,7 фоизро ташкил дод
Душанбе, 15.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти омори расмӣ, моҳи июли соли равон сатҳи таваррум раванди нисбатан болоравӣ дошта, ба 0,6 фоиз баробар шуд, ки дар муқоиса ба моҳҳои қаблӣ 0,3 фоиз зиёд мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,4 фоизӣ ҳосил гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз рӯи таҳлил ва ҳисобҳо дар моҳи июли соли равон саҳми хизматрасонии пулакӣ дар таварруми ҳосилшуда ба 0,3 фоиз баробар шуда, саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ мутаносибан 0,2 ва 0,1 фоизро ташкил намуд.
Болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймо (боркашонии байналмилалӣ) ва хизматрасониҳои роҳи оҳан қисми асосии таварруми баамаломадаро дар бахши химатрасониҳои пулакӣ ташкил доданд.
Афзоиши нархи маводи озуқаворӣ, ба монанди сабзӣ, картошка, пиёз, карам, гӯшти гов, тухм, шир ва чакка, помидор, чойи кабуд ва ярмаи марҷумак ба қайд гирифта шуд.
Дар баробари ин, коҳиши нархи маводи озуқаворӣ, аз қабили орди навъи якум, шакар, равғани пахта, гӯшти гӯсфанд, бодиринг, себ ва нахӯд ба назар расид.
Болоравии нархи маводи ғайрихӯрокворӣ аз ҳисоби қиматшавии гази моеъ, бензин, маводи конселярӣ, хокаи ҷомашӯӣ ва асбобҳои маишӣ ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ- июли соли равон сатҳи таваррум 3,7 фоизро ташкил намуда, нишондоди солонаи он дар моҳи июли соли 2016 ба 6,0 фоиз баробар шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати устувор нигоҳ доштани тамоюли муътадили сатҳи таваррум меъёри бозтамвилро тағйир дод, ки ин иқдом барои идора намудани ҳаҷми пул дар муомилот ва пешгирии хавфҳои эҳтимолии афзоиши фишорҳои таваррумӣ равона шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






