Модари гурзандози тоҷик: «Дилшод танҳо инро гуфт: Мо тавонистем!»
Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Cубҳи имрӯз роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба табрики модари Дилшод Назаров, ғолиби Бозиҳои тобистонаи олимпӣ — 2016 рафтанд.
Зимни суҳбат Зайтуна Назарова, модари гурзандози тоҷик барои дастгирӣ дар рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва варзишгарон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат фарзандаш Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои олимпӣ гардид.
Ҳамзамон модари Дилшод Назаров изҳор дошт, ки субҳи имрӯз зимни суҳбати телефонӣ Дилшод танҳо бо як ибора эҳсосоти худро баён намуд: «Мо тавонистем!»
Воқеан ҳам фарзандони миллати тоҷик неруву қудрати бузург дошта, муаррифгару парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик дар даври финалӣ соҳиби медали тиллои мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ, ки шоми 19 август бо вақти маҳаллии кишвари Бразилия доир шуд, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо нишондоди 78,68 метр медали тилло, Иван Тихон аз Ҷумҳурии Беларус бо нишондоди 77.79 метр медали нуқра ва Войтсех Новитский аз Ҷумҳурии Лаҳистон бо нишондоди 77.73 метр медали биринҷиро ба даст оварданд.











Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






