Омодагӣ ба Симпозиуми «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» дар Душанбе дар сатҳи баланд аст

Август 3, 2016 17:20

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9-11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор – «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор мегардад.

Дар робита ба ин аз Котиботи Симпозиум ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки омодагӣ ба баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Симпозиум бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст.

Ҷиҳати баргузории ин Сипозиум ҳам дар дохил ва дар ҳам хориҷи кишвар корҳои зиёдро ба анҷом расониданд. Ҳанӯз аз 10 июни соли равон торнамои интернетии Симпозиум бо дарҷи маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маводи марбут ба раванди тадорукотӣ ва логистикӣ, барномаи ҳамоиш ва чорабиниҳо дар чаҳорчӯби он, санаду қатъномаҳои марбут ба рӯзномаи ҷаҳонии об, инчунин маълумот дар бораи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе таҳия гардида, фаъол карда шудааст. Маълумоти сомонаи мазкур мунтазам таҷдид карда мешавад.

Моҳи июни соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии кишварамон брифинг дар робита ба Симпозиуми дарпешистода бо иштироки тамоми намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ доир гардид.  8 июли соли ҷорӣ бошад, дар шаҳри Ню-Йорк Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ бо иштироки муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Султон Раҳимзода барои намояндагони кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об ва кишварҳои узви Панели сатҳи баланд дар масъалаҳои об доир ба Симпозиуми Душанбе низ брифинг барпо намуданд, ки дар рафти он маълумоти бештар дар бораи ин Симпозиум пешниҳод гардид. Ҳамчунин тамоми намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар муваззаф шудаанд, ки оид ба баргузории ин ҳамоиш корҳои таблиғотӣ баранд ва ҷиҳати иштироки намояндагони ин кишварҳо дар Симпозиум мусоидат намоянд.

Вазорати корҳои хориҷӣ аз 20 июли соли 2016 инҷониб аккредитатсияи намояндаҳои ВАО ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии  ин чорабинии муҳими байналмилалӣ шурӯъ намуд. Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба Симпозиуми Душанбе назаррас аст.

Дар ҷаласа намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд кард. Зиёда аз 500 нафар даъватшудагон аз 91 кишвари хориҷӣ, ба ҳайси намояндагӣ аз ҳукумати ин кишварҳо, ҳамчунин аз ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ ва доираҳои коршиносӣ иштироки худро дар Симпозиум тасдиқ кардаанд ва ба қайд гирифта шудаанд.

Дар рафти Ҳамоиш масъалаҳои афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ,  табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об ва беҳдошт (санитария), баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкорӣ ва шарикии байналмиллалӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он баррасӣ хоҳанд шуд.

Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир ба ҳайси кишвари пешбари масъалаҳои рӯзномаи ҷаҳонии об шинохта шудааст. Татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки соли сипаришуда ба анҷом расид, ба сифати яке аз ташаббусҳои умдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти дастрасии аҳолии ҷаҳон ба захираҳои об ва беҳдошт нақши муҳим бозид.

Бо мақсади идомаи талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт ва рафъи камбудиҳо дар раванди татбиқи Даҳсолаи «Об барои ҳаёт», Президенти кишвар зимни ширкат дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббуси нави Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» ҷалб намуда буд.

Илова бар ин, Роҳбари давлат зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ташаббуси мазкурро бори дигар эълом дошта, ҷиҳати дастгирии ин иқдом аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал оварда буд.

Қобили тазаккур аст, ки Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор – «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», қадами муҳим дар роҳи татбиқи ташаббуси роҳбарияти сиёсии кишвар дар бораи эъломи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» маҳсуб мешавад.

 

Август 3, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст