Муҳлати маъмурияти муваққатии ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» тамдид гашт
Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк», бо қарори навбатии худ аз 3 августи соли равон, муҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар ин бонк ба муҳлати се моҳ тамдид намуд.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда чораҳои зарурӣ андешад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






