Муҳоҷират: қарзи музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик ба маблағи 1 миллиону 550 ҳазор рубл пардохт гардид
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсяи Русия қарзи музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик, ки аъзои як бригадаи сохтмонӣ ҳастанд, ба маблағи 1 миллиону 550 ҳазор рубл пардохт гардид.
Сафарбек Юнусов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз номи 24 нафар коргарон, ки дар ин бригадаи сохтмонӣ кор мекунанд, ба Намояндагӣ барои мусоидаташон дар пардохти қарзи музди меҳнати онҳо муроҷиат намуд.
Номбурда дар аризааш зикр намудааст, ки тайи 2 сол дар Ширкати сохтмони роҳҳои шаҳри Красногорски вилояти Маскав фаъолият доранд. Ширкати мазкур ба таъмиру сохтмони роҳҳо, кӯпрукҳо ва дигар иншооти коммуналӣ машғул буда, то моҳи феврали соли равон музди маоши онҳоро сари вақт ва бенуқсон пардохт намудааст. Шурӯъ аз моҳи феврал то июни соли равон ширкати мазкур бо сабабҳои номаълум музди маоши онҳоро, ки маблағи зиёда аз 1 миллион рублро ташкил медиҳад, пардохт накардааст.
Баъди муроҷиати расмии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар асоси талаботи Кодекси меҳнати Федератсияи Русия маъмурияти Ширкати сохтмони роҳҳои шаҳри Красногорск сабаби сари вақт напардохтани музди меҳнати муҳоҷиронро мушкилоти молӣ арзёбӣ намуда, онро пурра пардохт намуданд.
Ҳамин тариқ, дар давоми ҳафта бо мусоидати Намояндагӣ қарзи музди меҳнати муҳоҷири дигари тоҷик Тахмина Хайруллоева, сокини шаҳри Турсунзода, ки дар яке аз ширкатҳои шаҳри Маскав кор мекард, ба маблағи 65 ҳазор рубл пардохт гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






